Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ғазза шумораи қурбониён афзоиш ёфт


Кормадони беҳдошт мегӯянд, ки дар натиҷаи бомбборонҳои Исроил 30 июл дар Навори Ғаззаи Фаластин “даҳҳо” нафар кушта шудаанд, ки дар миёни онҳо дастикам 16 нафар аз мактаби зери назари СММ низ будаанд. Ин мактабро СММ барои паноҳгоҳи аҳолӣ аз бомбборонҳо истифода мекард.

Ашраф Қудра-сухангӯи Хадамоти изтирории Ғазза гуфтааст, ки шумораи қурбониён ба “даҳҳо” нафар мерасад. Вай дар оғоз ин шумораро 20 нафар медонист.

Бино ба хабари Қудра, дар 23 рӯзи даргириҳои миёни гурӯҳи Ҳамоси Фаластин ва нируҳои Исроил шумораи кушташудагон аз ҷониби фаластиниҳо ба 1260 нафар ва аз тарафи Исроил ба 53 нафар расидааст.

29 июл мушаке ба ниругоҳи барқии Навори Ғазза расид ва Ғазза аз барқ маҳрум шуд.

XS
SM
MD
LG