Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари сардори ситоди артиши ИМА ба Ӯзбакистон


Дар мулоқоти фармондеҳи Ситоди марказии Нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида, генерал Ллойд Ҷей Остин III ва мақомоти Ӯзбакистон масъалаҳои ҷудогонаи равобити дуҷониба баррасӣ шудаанд.

Вазорати умури хориҷии Ӯзбакистон хабар дод, ки рӯзи 29-уми июл раҳбарони умури берунаи ин кишвар бо генерал Ллойд Ҷей Остин III, фармондеҳи Ситоди марказии Нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида, дар масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд.

Бино ба маълумоти расонаҳои ахбори ом, низомии баландпояи Амрико бо давлатмардони Ӯзбакистон ҷузъиёти хуруҷи бору амвол ва ҳарбиёни ИМА аз Афғонистонро ба воситаи қаламрави Ӯзбакистон муайян кардаанд. Ду кишвар дар ин бора ҳанӯз дар моҳи марти соли 2012 созишнома имзо кардаанд. Ин санад ҳаракати қатор ва ҳавопаймоҳои ИМА ба воситаи Ӯзбакистон, бозистодан дар қаламрави ин кишвар ва амалкардҳо дар ҳолатҳои “форс-мажор”-ро фаро гирифтааст.

Аммо дар мулоқоти ахир ҳамчунин масъалаи густариши ҳамкории ду кишвар дар риштаи ҳарбӣ, аз ҷумла бозомӯзии ҳарбиёни Ӯзбакистон дар ниҳодҳои низомии Ӯзбакистон баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG