Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар посгоҳ ҳамлаи тундравҳоро баргардонданд


Мақомоти Покистон мегӯянд, ки нируҳои онҳо дар як посгоҳи марзӣ бо Афғонистон ҳамлаи тундравҳоро баргардонидаанд. 6 тундрав кушта, 9 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомоти низомӣ мегӯянд, ки тақрибан 70 тундрав шоми 29 июл дар посгоҳи марзии вулусволии Дир ҳамла кардаанд. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамлакунандагон ба хоки Афғонистон гурехтаанд.

Тундравҳо ҳар гоҳ аз ду тарафи марз ҳамлаҳои фаромарзӣ анҷом медиҳанд ва сипас ақибнишнӣ мекунанд. Ҳамлаи ахир дар ҳоле сурат гирифтааст, ки нируҳои низомии Покистон дар минтақаи Вазиристони Шимолӣ машғули анҷоми як амалиёти густурда бар зидди тундравҳо мебошанд.

XS
SM
MD
LG