Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардабири маҷаллаи қазоқӣ боз ҷарима шуд


Жарилқап Қалибой
Жарилқап Қалибой

Сардабири яке аз маҷаллаҳои Қазоқистон бори дигар барои нашри мақолае дар бораи Адолф Ҳитлер ҷарима шудааст. Додгоҳи Алмаато 30 июл Жарилқап Қалибой сардабири “Жулдузлар Отбаси-Аниз Адам”-ро барои ташвиқ ва сафед кардани тундгароӣ муттаҳам донист.

Қалибой 150 доллар ва маҷалла 700 доллар ҷарима шуданд. Додгоҳ ҳамчунин ҳукм содир кард, ки маводи моҳи апрели ин маҷалла мусодира гардад. Дар ин шумораи маҷалла аксҳо ва ва хотираҳои ҳамкорону дӯстони Ҳитлер оварда шудааст.

Моҳи гузашта ҳамин додгоҳ мақолаҳои марбут ба Ҳитлерро тавҳин ба 13 собиқадори Ҷанги ҷаҳонии дуввум арзёбӣ кард ва ҳукм баровард, ки Қалибой бояд ба ҳар кадоми онҳо 5 350 долларӣ ҷуброн диҳад.

XS
SM
MD
LG