Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст


Фаттоҳ Саидов.
Фаттоҳ Саидов.

Абдуфаттоҳ Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 30 июл зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шаш моҳи соли аввали соли ҷорӣ 835 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 адад бештар аст.

Ба гуфтаи ҷаноби Ғоиб, аз маҷмӯи ҷиноятҳои ошкоршуда, 245 ҷинояти вазинин коррупсияонӣ, аз ҷумла 17 ҷинояти қаллобӣ, 245 ҷинояти дуздӣ бо роҳи азхудкунии маблағҳо, 23 ҷинояти сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва 66 ҷинояти гирифтан ва додани пора ташкил медиҳад.

Ба таъкиди ҷаноби Ғоиб, маблағи зарари ошкоршуда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 62 миллион сомониро ташкил дод, ки ин рақам нисбат ба давраи мушобеҳ ба маблағи ҳудуди 7 миллион сомонӣ бештар аст. Ҳамзамон ба иттилои раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия, дар ин давра 130 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта дар масъалаи тақсимоти замин ошкор шудаааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи Абдулфаттоҳи Ғоиб, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ санҷишҳо гузаронида шуда ва 541 нафар барои камбудиҳо муҷозоти интизомӣ гирифта ва 21 нафар аз вазифа озод шудаанд.

XS
SM
MD
LG