Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикэйр" барои ҳавопаймоҳои кӯҳна харидор меҷӯяд


Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле мехоҳанд 22 ҳавопаймои сохти шӯравии ширкати «Тоҷикэйр»-ро ба фурӯш гузоранд, ки ҳатто харидори эҳтимолии онҳо вуҷуд надоранд.

Масъулони Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷикэйр»-ро тариқи музояда бо нархи ибтидоии аз 250 000 сомонӣ то 1,5 миллион сомонӣ ба фурӯш мебароранд. Қодири Қосим, раиси кумитаи сармоягузорӣ рӯзи 29-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ин ҳавопаймоҳо дар се марҳила ба фурӯш гузошта мешавад ва ҳар бор агар харидор пайдо накарданд, нархи ин ҳавопаймоҳо дар марҳилаҳои баъдӣ поин хоҳад рафт.

Аммо, ба гуфтаи Қодири Қосим, дар ниҳоят агар харидоре пайдо накарданд, масъалаи пурра аз эътибор соқит кардани онҳоро ба миён мегузоранд. .Ӯ афзуд, ки аллакай аз рӯи қарори ҳукумати Тоҷикистон 6

Қодири Қосим
Қодири Қосим

ҳавопаймо аз тавозуни ширкати "Тоҷикэйр" бароварда шудааст. «Мо ин ҳавопаймоҳоро ба воситаи интернет барои фурӯш дар кишварҳои дуру наздик гузошта, таҳлил карда нархи онҳоро вобаста ба истифодабарӣ ва боқимонда нархи истифодашуда муайян кардем», гуфт раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон.

Ба фурӯш гузоштани ҳавопаймоҳои кӯҳнаи ширкати «Тоҷикэйр» замоне расонаӣ шуд, ки хабарҳо аз вазъи молиявии ин ширкат нашр мешуданд ва ҳам чанд соат баъди эълони фурӯши ҳавопаймоҳо дар ҷамъи хабарнигорон, роҳбарияти ин ширкат ҳам иваз карда шуд. Ҳарчанд барканории роҳбарияти ин ширкат ба корношоям шудани ҳавопаймоҳо рабте надорад, аммо то ин замон ба таъхир гузоштани онҳо суолҳоеро ба миён овардааст. Яке аз масъалаҳое, ки дар маҳфилҳо матраҳ мешавад, ин аст, ки аз кай фурӯши ҳавопаймоҳо шурӯъ мешавад? Суоли дигар ва асосӣ ин аст, ки то куҷо умед доранд ин ҳшавпаймоҳои, ба гуфтаи масъулон, «зараровар» харидор пайдо хоҳанд шуд?

Дар посух ба са суоли аввал Қодири Қосим гуфт, ҳукумат нақша дорад, ки то соли 2018 вазъи молиявии ширкатҳои бузург беҳ карда шавад ва яке аз роҳҳои хуб кардани вазъи ширкати «Тоҷикэйр» - ин фурӯши ҳавопаймоҳои кӯҳна аст.

Зараровар будани ин ҳавопаймоҳои сохти шӯравиро масъулон, аз як тараф, бо гузаштани муҳлати истифодабарӣ ва, аз сӯи дигар, бо сарфи зиёди сӯзишворӣ рабт медиҳанд. Аммо дар ҳоле ки Тоҷикистон аз ин ҳавопаймоҳо рӯй мегардонанд, кадом давлат омодааст, ки онҳоро бо нархи арзон ҳам бошад бихарад? Акбар Бобокалонов, сардори шӯъбаи ҳисоббаробаркунии ширкати «Тоҷикэйр» ба Радиои Озодӣ гуфт, ки харидори ин ҳавопаймоҳо бояд кишварҳое бошанд, ки сӯзишвории арзон доранд. Зери сабаби аслии "зараровар" будани ин ҳавопаймоҳо сарфи зиёди сӯзишворӣ аст. Акбар Бобокалонов ба таври мисол мегӯяд, агар як ҳавопаймои «Боинг» ва «Ту-154» дар як замон аз Душанбе ба Маскав парвоз карда бозпас гарданд, «Боинг» 22-23 тон сӯзишворӣ сарф мекунад, «Ту-154» бошад 43-44 тона, яъне ду баробар бештар,

Ба гуфтаи масъулони ширкат, миёни 22 ҳавопаймои «зараровар» як қисмашон бо вуҷуди кӯҳна шудан дар ҳолати коршоямӣ ва як қисми дигар барои оҳанпора қарор доранд. Ҳамчунин 3 ҳавопаймои навъи Ту-154 ҳам

Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов

ҳаст, ки барои мусофиркашонӣ истифода мешуданд. Ҳоло ширкати Тоҷикэйр дар ихтиёри худ 39 ҳавопаймо, аз ҷумла, 22 ҳавопаймои «зараровар» доштааст.

Масъулони ширкати "Тоҷикэйр" мегӯянд, ки аз замони ҷудо шудани ин ширкат аз Фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе дар соли 2009 ҳамагӣ ҳавопаймои сохти шӯравӣ доштаанд.

Фирӯз Ҳамроев, собиқ раиси ширкати «Тоҷикэйр», рӯзи 29-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 2012, ки роҳбари ин ширкат таъин шуда буд, ҳеҷ яке аз ин ҳавопамоҳоро бо сабаби фоиданок набудан истифода накардаанд. Ӯ, ки як ҳафта қабл аз роҳбарии ин ширкат барканор шуд, мегӯяд, ҳатто тасаввур намекунанд, ки ин ҳавопаймоҳоро кӣ хоҳад харид. Ба гуфтаи ӯ, Русия, ки «ватан»-и ин ҳавопаймоҳо ба шумор меравад, айнан бо чунин мушкилӣ рӯ ба рӯст ва садҳо ҳавопаймои сохти шӯравӣ дар майдонҳои ҳавоӣ ҷойро банд карда истодаанд.

Бо вуҷуди ин, Фирӯз Ҳамроев умед дорад, ки шояд бо сабаби арзон будани ҳавопаймоҳои «Тоҷикэйр» ягон кишваре, ки сӯзишвории арзон дорад, онҳоро харидорӣ кунанд.

Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки барои фурӯхтани ҳавопаймоҳои «Тоҷикэйр» алакай 7-9 сол дер шудааст ва аз воқеият дур аст, ки касе барои ба даст овардани манфиат онҳоро харидорӣ кунад.

Ӯ меафзояд, «роҳбарияти Тоҷикистон бинобар манфиати як гурӯҳи муайян дар фурӯши сӯзишворӣ, чипта ва ғазои дохили ҳавопаймо барои ширкати «Тоҷикэйр» имкон надод, ки меъёрҳои ҷаҳонӣ дар ин ширкат роҳандозӣ шаванд. Ин буд, ки ширкат ба зону зад. Даъвоҳои роҳбарияти кунунии ин ширкат, ки қомати «Тоҷикэйр»-ро хоҳад рост кард, пучу беасос аст. Ҳавопаймоҳое, ки «Тоҷикэйр» ба фурӯш гузоштааст тақрибан ба касе лозим нестанд ва оҳанпора хоҳанд монд».

Мушкили дигар, ба гуфтаи Дӯстов, ин аст, ки дар Тоҷикисон нафарони хело кам ҳастанд, ки вазъи бозори ҳавопаймоиро донад ва омӯзад. Ин аст, ки дурнамои фаъолияти ин ширкатҳо равшан нест ва ба чунин бунбаст қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG