Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг монеи таҳқиқи фалокат дар Украина шуд


Даргирӣ миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар шарқи Украина дигарбора монеи рафтани муҳаққиқони байналмилалӣ ба маҳалли суқути ҳавопаймои Малайзия шуд. Вазорати адлияи Ҳолланд рӯзи 29-уми июл гуфт, ҷанг дар “гирду атрофи маҳалли суқут ва роҳ ба сӯи ин маҳал” нагузошт, то мутахассисони ҳолландӣ ва Австралия аз пойгоҳашон дар шаҳри Донетск берун шаванд. Ҳукумати Украина рӯзи 28-уми июл гуфт, ки нерӯҳои давлатӣ ба теъдоде аз шаҳрҳои атрофи маҳалли ҳавопаймои мусофирбари Малайзия, аз ҷумла шаҳри Шахтарск ворид шудаанд. Мутахассисони Ҳолланд ва Австралия тайи ду рӯзи гузашта ҳам натавонистанд, ба далели ҷангҳо ба маҳалли фалокати ҳавопаймои Эм Эйч 17 бираванд, ки рӯзи 17-уми июл бо 298 мусофираш суқут кард. Бино ба гузоришҳо, ин ҳавопайморо ҷудоихоҳони тарафдори Русия бо мушак сарнагун карданд.

XS
SM
MD
LG