Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Русияро ба беэътиноӣ ба аҳднома муттаҳам кард


Давлати Амрико мегӯяд, Русия бо озмоиши як мушаки миёнапарвоз аҳдномаи соли 1987 миёни ду кишварро нақз кардааст ва ин “як масъалаи бисёр ҷиддӣ” аст. Як мақоми расмии ҳукумати Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки раиси ҷумҳур Барак Обама, рӯзи 28-уми июл Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро расман аз масъала огаҳ кардааст. Амрико мегӯяд, Русия бар хилофи Аҳдномаи манъи озмоиши мушакҳои миёнапарвози атомӣ, як мушакеро озмоиш кардааст, ки қодир аст, мушакҳои партобшуда аз заминро аз масофаи 500 то 5000 километр нобуд кунад. Аҳдномаи мазкурро соли 1987 Михаил Горбачёв, раиси ҷумҳури собиқи шӯравӣ ва Роналд Рейган раиси ҷумҳури собиқи Амрико имзо карданд. Иёлоти Муттаҳида дар гузашта аз эҳтимоли риоят нашудани аҳднома аз тарафи Русия изҳори нигаронӣ кардааст, вале бори аввал аст, ки расман Маскавро ба беэътиноӣ ба ин санад муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG