Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо Русияро танбеҳ медиҳад


Қарор аст, имрӯз Иттиҳодияи Аврупо бинобар нақши Русия дар муноқишаи Украина алайҳи он кишвар таҳримоти сахттар эъмол кунад. Як рӯз пештар аз ин раҳбарони Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Фаронса, Олмон ва Итолиё ба мувофиқа расиданд, ки барои ҳимояти Русия аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина таҳримоти нав эъмол карда шавад. Ба гузориши рӯзномаи “Волл Стрит Ҷорнал”, Иттиҳодияи Аврупо қасд дорад, 5 шаҳрванди дигари Русия ва дасти кам ду бонки русиро барои даст доштанашон дар ҳаракатҳои ҷудоихоҳӣ дар Украина таҳти таҳрим қарор бидиҳанд. Ба гузориши "Волл Стрит Ҷорнал" аз рӯзи 28-уми июл, таҳримот метавонад, муомилоти молии Сбербанк ва ВТБ Банки Русияро маҳдуд кунад. Маълум нест, кадом мақоми расмӣ ва афроди дигари Русия таҳрим мешаванд, аммо дар ин миён афроди сарватманде ном бурда мешаванд. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо саъй доранд, бо эъмоли таҳримоти изофӣ, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро маҷбур кунанд, ки ба таъмини ҷудоихоҳон ба аслиҳа ва дигар кӯмак ба онҳо хотима диҳад.

XS
SM
MD
LG