Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари расмии вазири умури хориҷии Чин ба Тоҷикистон


Ван И
Ван И

Ван И, вазири умури хориҷии Чин, бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 29 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сафари расмии раҳбари идораи сиёсати берунаи Чин бо даъвати Сироҷиддинг Аслов, ҳамтои тоҷикаш, сурат мегирад. Ҳамчунин ба иттилои ин манбаъ, Ван И дар нишасти Шӯрои вазирони умри хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Душанбе ширкат мекунад. Ин нишаст рӯзҳои 30 ва 31 июл бо ширкати вазирони кишварҳои узв доир мешавад.

Рӯзи сешанбеи 29 июл ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой анҷом мегирад, ки омодагӣ ба нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Душанбе дар меҳвари он қарор дорад.

Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзҳои 11 ва 12 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ба ин созмони минтақаӣ Русия, Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон шомиланд.

XS
SM
MD
LG