Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Малайзия иҷозаи вуруд ба ҷойи суқути "Боинг"-ро пайдо кард


Аз ин пеш нозирони САҲА аз ҷойи суқути ҳавопаймо дидан карданд
Аз ин пеш нозирони САҲА аз ҷойи суқути ҳавопаймо дидан карданд

Мақомоти Малайзия ва раҳбари ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи Украина Александр Бородай дар мавриди ба макони суқути ҳавопаймои Боинг-777 фиристодани нерӯҳои байнулмилали полис ба созиш расиданд. Дафтари нахуствазир Наҷиб Раззоқ рӯзи 27 июл хабар дод, ки гурӯҳҳои полис метавонанд аз рӯзи якшанбе ба минтақаи суқути ҳавопаймо раванд.

Аз ин пеш маҳз Александр Бородай “қуттиҳои сиёҳ”-и Боинги суқуткардаро дар ихтиёри Малайзия гузошта буд.

Қарор аст, ки кормандони полиси Ҳуланд ва Австралия макони суқути ҳавопайморо таҳти ҳимоят бигиранд. Австралия барои ҳимояти ҷойи суқути ҳавопаймо 190 корманди полисро мефиристад.

Ба навиштаи хабаргузориҳои ғарбӣ, рӯзи якшанбе гурӯҳи хурди кормандони полиси Ҳуланд дар мошинҳои зиреҳпӯш озими макони суқути Боинг шуд. Вазири адлияи Ҳуланд изҳор намуд, ки гурӯҳи дувоздаҳнафара пас аз ҳосили созиш миёни намояндагони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ва ҷудоихоҳони рустабор ба шарқи Украина рафт.

Ҳавопаймои Боинг-777, ки дар масири Амстердам-Куала-Лумпур парвоз мекард, рӯзи 17 июл дар фазои шарқи Украина суқут кард. Дар ин ҳодиса ҳамаи 298 мусофир ва аъзои экипаж ба ҳалокат расиданд. Таҳқиқи сабабҳои рӯй додани ин фоҷиа идома дорад.

XS
SM
MD
LG