Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клегг: Русия аз ҳаққи баргузории Ҷоми ҷаҳон-2018 маҳрум шавад


Ник Клегг
Ник Клегг

Ник Клегг, муовини нахуствазири Бритониё, рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо нашрияи Sunday Times пешниҳод намуд, ки Русия барои пуштибонияш аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина аз ҳаққи баргузор кардани Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 маҳрум карда шавад. Ӯ гуфт, ки байни пуштибонии Маскав аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар вилояти Донетск ва ҳалокати тақрибан сесад нафар бар асари суқути ҳавопаймои “Боинг” дар фазои ин вилоят робитаи мустақим мавҷуд аст.

Ҳизби демократҳои либерал, ки Ник Клегг сарварии онро бар дӯш дорад, аз ҳампаймонҳои нахуствазир Дэвид Кэмерон дар эътилофи ҳоким аст.

Муовини нахуствазир барои он пойифишорӣ дорад, ки миёни таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия маҳрумсозии Маскав аз ҳаққи баргузории чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ҳам зикр шавад. Ник Клегг ба Sunday Times гуфт, ки агар ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба доир шудани Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар Русия розӣ шавад, заъифӣ ва самимӣ набудани эътирозҳои худ алайҳи аъмоли Владимир Путинро намоиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG