Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА феҳристи нави таҳримҳо оид ба бӯҳрони Украинаро нашр кард


Александр Бортников
Александр Бортников

Иттиҳодияи Аврупо рӯзи шанбе феҳристи нави мансабдорони воломақоми Русияро, ки барои даст доштан дар бӯҳрони Украина мавриди таҳрим қарор гирифтаанд, нашр кард. Ба ин феҳрист, аз ҷумла, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников, раиси Хадамоти кашфи беруна Михаил Фрадков, раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров, дабири Шӯрои амният Николай Патрушев, муовини ӯ Рашид Нургалиев, узви Шӯрои амният Борис Гризлов, раҳбари яке аз раёсатҳои Хадамоти федеролии амният Сергей Беседа, вакили Думаи давлатӣ Михаил Дегтярев ва волии вилояти Краснодар Александр Ткачев шомиланд.

Ҳамчунин яке аз раҳбарони Ҷумҳурии худхондаи Донетск Павел Губарев, хонуми ӯ ва чанд мансабдори дигари ин ҷумҳурӣ, худи Ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск низ ба феҳристи таҳримҳо ворид карда шудаанд. Ҳамаи онҳо дар халал ворид кардан ба якпорчагии Украина гумонбар мешаванд.

Акнун дар феҳристи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо 87 мансабдор ва 20 созмону гурӯҳ ва ширкат ҷой дорад. Ба ҳамаи онҳо вуруд ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо манъ шуда, ҳисобҳои бонкияшон дар кишварҳои узви Иттиҳодия мунҷамид мешаванд. Ба тоҷирони аврупоӣ робитаи корӣ бо афроду ширкатҳои ворид ба феҳрист манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG