Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Муродалӣ Алимардон бо мардуми Ворух


Субҳи рӯзи ҷумъа Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазир ва раиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаи марз, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, раиси Кумитаи замин ва геодезӣ Маҳмадтоҳир Зокиров бо мардуми Ворухи Исфара мулоқот карданд. Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати Ворух имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Муродалӣ Алимардон ҳамроҳи раиси вилоят ва намояндагони дигари ниҳодҳои кишвар дар нимаи аввали ҷумъа бо мардуми Ворух мулоқот намуда, ба суолҳои бешумори онҳо посух доданд: «Аксари суолҳои мардум оид ба масъалаи сохтмони роҳҳо, аз анклава раҳо кардани Ворух ва ба масъалаи бурдани чорво ба чарогоҳҳо дахл дошт.»

Вай афзуд, ки ҷаноби Алимардон ба ин суолҳо ҷавоб гардонда гуфт, ки дар ҳоли ҳозир музокираи ҳайатҳои Комиссия байниҳукуматӣ оид ба масъалаи марз дар марҳилаи анҷомёбист ва бо пайдо кардани масъалаи аломатгузории марзи ду кишвар, ҳам роҳҳои мошингард сохта мешаванд ва ҳам мардум метавонад чорвои худро ба чарогоҳ барад. Мардуми Ворух бо изҳори норозигӣ гуфтаанд, ки ҳанӯз дар моҳи май онҳо чорвои худро ба чарогоҳҳо мебурданд, вале имсол бо назардошти мавриди баҳс қарор доштани чарогоҳо, то ҳанӯз натавонистанд моли худро баранд. Ҷаноби Маҳкамов афзуд, ки Муродалӣ Алимардон аз мардум тақозо кард, ки то анҷоми кори комиссия сабр кунанд ва ба ҳеҷ гуна аъмале, ки боиси муноқиша бо мардуми деҳот шавад, роҳ надиҳанд.

XS
SM
MD
LG