Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷ.Нуралиев: Ҳукумат намегузорад "Агроинвестбонк" муфлис шавад


Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вазири молия Тоҷикистон мегӯяд, ба эҳтимоли бештар саҳмияҳои «Агроинвестбонк» комилан давлатӣ мешавад. Ба қавли ӯ, сар аз соли 2010 ин бонк фаъолияти барзиён дорад ва ҳеҷ ширкати хусусӣ ба ҷузъ аз ҳукумати Тоҷикистон наметавонад ин бонкро пойбарҷо нигоҳ дорад. Ба гуфтаи муовини вазири молия, феълан 52 дарсади саҳмияҳои ин бонк дар дасти давлат аст ва ҳукумат низ мехоҳад «Агроинвестбон» яке аз бонкҳои собит дар Тоҷикистон бошад. Ҷамолиддин Нуралиев афзуд, фаъолияти бонк дар ҳоли беҳшавӣ аст ва феълан 28 дарсади сокинони Тоҷикистон пасандозҳои худро дар ин бонк нигоҳ медоранд. Ба таъкиди ин мақомдор, ҳоли ҳозир берун шудани сармоя аз бонк ба мушоҳида намерасад ва худи ҳукумат низ ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорад, ки ин бонк муфлис шавад.

XS
SM
MD
LG