Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 миллион $ кумаки IFC ба Тcell


IFC, Корпоратсияи байналмиллалии молӣ ба ширкати мобилии Tcell 30 милллион доллар кумак кардааст.

Дар иттилоияе, ки IFC рӯзи 24 уми июл нашр кард, гуфта мешавад, ин кумак ба хотири “ҳимоят аз нақшаҳои Tcell ҷиҳати афзун кардани фарогирии шабакааш ва беҳтар карадни хадамоти алоқаи мобилӣ” дар тамоми қаламрави Тоҷикистон дода шудааст.

Тcell бо бештар аз 3 миллиону 300 ҳазор муштарӣ бузургтарин шабакаи мобилии Тоҷикистон аст.

Роҳбари кулли Tcell Мансур Хамидов гуфтааст: “Тарҳи мазкур дар ҳама минтақаҳои кишвар нигарониад шудааст. Тарҳи мазкур собит мекунад, ки Тсell такя ба барномаҳои иҷтимоӣ мекунад.”

Дар идомаи ин иттилоия омадааст, бахши аъзами марудми тоҷикистон дар деҳот ба сар мебаранд, ки дастрасиашон ба нақлиёт душвор аст ва алоқаи мобилӣ барои фаъолияти корхонаҳои хурду миёна ҳаётан муҳим аст, чунки хароҷоти онҳоро коҳзиш дода самаранокии корашонро беҳтар мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Кристофен Миллер, роҳбари IFC дар Тоҷикистон гуфтааст, ки тарҳи мазкур ба рушди хадамоти электронӣ аз сӯи давлат ва бахши хусусӣ кумак мекунад.

XS
SM
MD
LG