Интизор меравад, ки Фуод Маъсум-сиёсатмадори собиқадори курд номзадии худро ба мақоми раёсати ҷумҳурии ояндаи Ироқ пешбарӣ намояд. 24 июл ҷиноҳи аслии курҳои Ироқ дар порламон ба номзадии вай ризоят доданд.
Бино ба созиши ғайрирасмие, ки дар бораи тақсими қудрат дар Ироқ дар соли 2003 баъд аз барканории Саддом Ҳусейн ба даст омадааст, мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар ихтиёри курдҳо гузошта мешавад.
Дар райдиҳие, ки паси дарҳои баста дар як меҳмонсарои Бағдод курдҳои намояндагони порламон анҷом доданд, Фуод Маъсум рақиби худ Баҳром Солеҳро мағлуб кард.
Маъсум 76 сол дорад ва узви ҳизби Иттиҳоди Ватанпарастони Курдистон мебошад, ҳизбе ки Ҷалоли Талабонӣ-раиси ҷумҳури кунунии Ироқ раҳбарии онро бар уҳда дорад.
Порламон бояд 23 июл раиси ҷумҳур интихоб мекард, вале райдиҳӣ то 24 июл мавқуф гузошта шуд.