Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷиноҳи ҳизб дар порламон пароканда шуд


Олександр Турчинов
Олександр Турчинов

Олександр Турчинов-раиси порламони Украина ҷиноҳи Ҳизби Куммунист дар порламонро пароканда кард. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш Петро Порошенко-раиси ҷумҳур фаромнеро ба имзо расонд ва дар он омадааст, ки агар шумораи аъзои ҷиноҳи ҳар ҳизб дар порламон аз рӯзҳои аввали ташкилаш коҳиш ёбад, раиси порламон ҳақ дорад, ки чунин ҷиноҳро пароканда кунад.

Чанд нафар аз аъзои ҷиноҳи Ҳизби Куммунист дар порламон вақтҳои охир истеъфо додаанд ва шумораи аъзои ҷиноҳ аз се як ҳисса коҳиш ёфтааст. Куммунистҳо дар порламон хоҳанд буд, вале дигар ҷиноҳи порламонӣ нахоҳанд дошт.

Аз сӯи дигар интизор меравад, ки Додгоҳи шаҳрии Киев 24 июл масъалаи мамнуъ эълон шудани фаъолияти Ҳизби Куммунистро баррасӣ кунад.

Турчинов гуфт, ки пароканда сохтани ҷиноҳи Ҳизби Куммунист дар порламон рӯйдоди таърихист ва умед дорад, ки фаъолияти ин ҳизб мамнуъ эълон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG