Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳон боз ду ҳавопаймои украиниро сарозер карданд


Ҷудоихоҳон дар шарқи Украина боз ду ҳавопаймоии ҷангии нерӯҳои ҳукуматиро сарозер карданд. Ба иттилои маркази хабарии амалиёти зиддитеррор, ҳавопаймоҳои Су-25 рӯзи 23 июл дар канори шаҳраки Дмитровка дар ҳоле мавриди оташ қарор гирифтанд, ки ба мавқеъҳои ҷудоихоҳон аз ҳаво зарба мезаданд.

Халабонҳо тавассути катапулта аз ҳавопаймоҳо берун шуданд. Ин хабарро сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Андрей Лисенко тасдиқ кард.

Аз ин пеш Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, тарҳи қонун дар бораи қисман ба артиш сафарбар кардани шаҳрвандонро имзо кард. Бар пояи ин тарҳ, аз даъват ба артиш фақат донишҷӯён ва аспирантҳое, ки рӯзона таҳсил мекунанд, озоданд.

Рӯзи сешанбе 232 вакили Верховная Рада барои тасдиқи амри раисиҷумҳур дар бораи қисман ба артиш сафарбар кардани шаҳрвандон раъй доданд. Дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Андрей Парубий изҳор намуд, ки дар ҷараёни сафарбарсозӣ 59 қисми низомӣ ба ҳолати ҷангӣ дароварда мешаванд. Аммо ӯ аз дақиқ кардани теъдоди шаҳрвандоне, ки қарор аст ба артиш сафарбар шаванд, худдорӣ намуд.

XS
SM
MD
LG