Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин ҷасадҳои қурбониёни Боинг-777 ба Ҳуланд интиқол ёфтанд


Аввалин ҷасадҳои қурбониёни суқути ҳавопаймои Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия рӯзи 23 июл аз Украина ба Ҳуланд интиқол дода шуданд. Баъд аз маросиме дар фурудгоҳи шаҳри Харков ду ҳавопаймо бо 50 тобут сӯи пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Эйндховени Ҳуланд парвоз кард.

Гуфта мешавад, ки аз 298 мусофиру аъзои экипажи Боинги суқуткарда аз ҳама бештар - 193 нафар шаҳрвандони Ҳуланд буданд.Рӯзи чаҳоршанбе дар Ҳуланд мотами миллӣ эълон шудааст.

Қарор аст, ки ҳама ҷасадҳо то 25 июл ба Ҳуланд фиристода шаванд.

Дар ҳамин ҳол нахуствазири Австралия Тони Эббот рӯзи 23 июл дар як нишасти хабарӣ дар Канберра гуфт, то ҳол рӯшан нест, ки дар ҷойи суқути ҳавопаймо чанд ҷасади дигар боқӣ мондааст. Ба гуфтаи ӯ, "то ҳоло ин кор ғайриҳирфаӣ анҷом мешуд. Ва то он замоне, ки эҳтимолан он ҷо ягон австралиягӣ боқӣ мондааст, мо дар назди хонаводаҳояшон ӯҳдадорем, ки барои баргардонидани онҳо аз ҳама талошҳо кор бигирем".

Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия, ки дар хатсайри MH17 аз Амстердам ба Куала-Лумпур парвоз мекард, рӯзи 17 июл дар ҳарими ҳавоии шарқи Украина суқут кард.

Мақомоти Амрико рӯзи сешанбе гуфтанд, ки ҳавопаймо эҳтимолан иштибоҳӣ мавриди зарбаи ҷудоихоҳони рустабор қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG