Сафири Бритониё дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит ба фарзанди навзодаш номи тоҷикии Манучеҳр додааст. Манучеҳр, бино бар навиштаи сафир дар саҳифааш дар Twitter, рӯзи 15 июл дар Порис дида ба ҷаҳон кушодааст. Орд-Смит феълан ба далели таваллуди фарзандаш дар рухсатӣ қарор дорад.
Сафири Бритониё писарашро Манучеҳр ном кардааст
![Манучеҳр. Акс аз саҳифаи Орд-Смит дар Twitter](https://gdb.rferl.org/23a960e3-90c0-47b0-af51-b0876967e765_w250_r1_s.jpg)