Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Давлатов: "Пахши наворҳо барои огоҳ кардани мардум хуб аст"


Сулаймон Давлатов.
Сулаймон Давлатов.

Роҳбарияти донишкадаи исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки пахши наворҳои зидди бархе рӯҳониён дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба нуфузи ин донишкада таъсир накардааст. Сулаймон Давлатов, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки «пахши ингуна наворҳо барои огоҳ шудани мардум хуб аст» ва таваҷҷӯҳи мардум ба Донишкадаи исломӣ баъд аз нашри ин наворҳо кам нашудааст.

Ба гуфтаи масъулони Донишкадаи исломӣ, солӣ ҷорӣ дар Маркази миллии тестӣ ҳудуди 2400 довталаб ин донишкадаро интихоб кардаанд. Аммо меъёри қабули донишҷӯён ба донишкада дар шӯъбаи рӯзона 500 нафар будааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта ҳудуди 700 довталаб ба донишкада ҳуҷҷат супорида аз он 625 нафараш донишҷӯ шудааст.

Риш 3 сантиметр

Роҳбарияти донишкада мегӯяд, ки бо вуҷуди зери назорати вазорати маориф қарор доштани ин муассисаи динӣ, сару либоси донишҷӯён тибқи оинномаи донишкада аст. Масъулони ин донишкада гуфтанд, ки аз ҷумла барои донишҷӯдухтарон меъёри асосии сару либос пӯшиши сатр аст ва барои писарон ҳам иҷозат дода шудааст, ки то 3 сантиметр риши худро дароз кунанд. То 3 сантиметр иҷозат доштани донишҷӯёни Донишкадаи исломӣ дар ҳолест, ки қаблан Вазорати маориф ба омӯзгорони солманд иҷозат дода буд, ки метавонанд то 3 сантиметр риши худро дароз кунанд.

113 донишҷӯи аз хориҷ баргашта…

Ҳоло дар Донишкадаи исломӣ ҳудуди 113 донишҷӯёне, ки аз муассисаҳои динии хориҷи кишвар баргашта буданд, таҳсил доранд. Роҳбарияти донишкада мегӯяд, ин донишҷӯён баъд аз баргашт таҳсили худро дар курсҳои 2 ва 3 идома медиҳанд. Ҳамчунин дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон 2 донишҷӯи хориҷӣ – яке аз Афғонистон дигаре аз Қирғизистон таҳсил доранд.

Ҳоло дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз рӯи 7 ихтисос дар 2 факулта 2058 донишҷӯ дар бахшҳои шартномавӣ ва будҷавӣ таҳсил мекунад, ки аз он 382 нафар духтарон ҳастанд. Ин донишҷӯёнро 159 омӯзгор таълим медиҳанд, ки 1 нафар унвони доктори илм ва 11 нафар номзади илм будаанд.

XS
SM
MD
LG