Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё "қуттиҳои сиёҳ"-и ҳавопаймои вожгуншударо меомӯзад


Дэвид Кемерон
Дэвид Кемерон

Дэвид Кемерон-нахуствазири Бритониё уфт, ки бо дархости ҳукумати Ҳолланд коршиносони кишвараш маълумоти "қуттиҳои сиёҳ"-и ҳавопаймои суқутёфтаи Малайзияро дар бораи ҷараёни парвоз барқарор мекунад. Кемерон 22 июл гуфт, ки ҳукумати кишварш дар ин бора аз ҳукумати Ҳолланд дархост гирифтааст ва барои иҷрои ин дархост омода аст. Ин ҳавопаймо 17 июл дар шарқи Украина суқут кард

Вазорати дифои Белгия гуфт, ки як ҳавопаймои низомии ин кишвар ба Киев парвоз кардааст ва аз он ҷо ҷаъбаҳои сиёҳро бо худ меорад.

22 июл ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ҷаъбаҳои сиёҳи сабти ҷараёни парвозро ба коршиносони Малайзия супурданд. Шояд ин ду ҷаъбаи сиёҳ дар бораи сарнавишти ин парвоз рӯшанӣ андозанд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки дар шарқи Украина ҷудоихоҳони ҳавохоҳи Русия ин ҳавопайморо бо мушаки замин ба ҳавои сохти Русия задаанд.

XS
SM
MD
LG