Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

80 зарбаи шаллоқ барои ...рӯзахӯрӣ


Муовини додситони вилояти Кирмоншоҳи Эрон рӯзи душанбе, 21 июл, аз иҷрои панҷ ҳукми шаллоқ ба онҳое, ки бо иттиҳоми рӯзахурӣ дар моҳи Рамазон боздошт шуда буданд, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Алии Ашроф Каримӣ, муовини додситон ва сарпарасти иҷрои аҳкоми додгустарии вилояти Кирмоншоҳ гуфтаст, ҳукми ин панҷ нафар, ки дар моҳи Рамазон иқдом ба рӯзахӯрӣ карда буданд, дар чаҳор нуқтаи шаҳри Кирмоншоҳ иҷро шуд.

Аз ин пеш фармондеҳи нерӯҳои интизомии вилояти Форси Эрон ҳам аз иҷрои ду ҳукми 80 зарбаи шаллоқ ба иттиҳоми “тазоҳур ба рӯзахӯрӣ” дар шаҳри Шероз хабар дод. Радиои Фардо бо такя ба гузориши пойгоҳи хабарии полиси Эрон навишт, Аҳмад Алӣ Гавдарзӣ, фармондеҳи интизомии вилояти Форс, ахиран эълом дошт, ки ду нафар аз шаҳрвандони эронӣ ба иттиҳоми “тазоҳур ба рӯзахурӣ” ба 80 зарбаи шаллоқ маҳкум шуданд ва ин ҳукм дар баробари онҳо иҷро шудааст. Оғои Гавдарзӣ гуфт, ки “тазоҳур ба рӯзахӯрӣ дар моҳи шарифи Рамазон аз нигоҳи шариат ҳаром аст”.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи хабаргузории Форс, дар қонуни муҷозоти исломӣ ба таври дақиқ ба чӣ гуна ҷазо додан барои рӯзахӯрӣ дар моҳи Рамазон ишора нашудааст. Ҳамзамон хабаргузорӣ таъкид кардааст, ки ҳама гуна амали ҳаром дар ҷамъи мардум дар моҳи Рамазон ҷурм маҳсуб мешавад. “Бар асоси қонуни муҷозоти исломӣ, ҳар касе дар пешин наӯзари мардум ва ҷойҳои умумӣ тазоҳур ба амали ҳаромӣ кунад, ба ҳабс аз даҳ рӯз то ду моҳ ё то 84 зарбаи шаллоқ маҳкум хоҳад шуд”, навиштааст хабаргузории Форс.

Аз ин пеш Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ, раиси девони адолати идории Эрон, дар мавриди бархӯрд накардани нерӯи интизомӣ бо рӯзахӯрӣ интиқод карда буд. Ба гуфтаи ӯ, вазифаи нерӯҳои интизомӣ ин аст, ки ҳама гуноҳҳо дар ҷомеъа бархӯрд кунанд, дар ҳоле, ки онҳо танҳо ба додани баёния ва иттилоъ иктифо мекунанд”.

Пеш аз оғози моҳи Рамазон ва дар рӯзҳои аввали ин моҳи шариф теъдоде аз фармонеҳони нерӯҳои интизомӣ дар устонҳои мухталифи Эрон аз бархӯрдашон бо “рӯзахӯрӣ” хабар дода буданд. Алиризо Меҳробӣ, раиси полиси амнияти Теҳрон, низ ахиран аз оғози тарҳи вижаи бархӯрд бо рӯзахӯрӣ дар пойтахт хабар дод ва гуфт, мошинҳое, ки дар онҳо ронанда ё мусофир иқдом ба рӯзахӯрӣ кунанд, аз сӯи нозирон манъ карда мешавад. Хабаргузории ИСНА ҳам тасвирҳое аз бархӯрди нерӯҳои интизомӣ бо теъдоде аз шаҳрвандони пойтахт дар канори дӯконҳои фурӯши ғизо нашр карда буд.

Исмоил Аҳмади Муқаддам, як фармондеҳи нерӯҳои интизомӣ, бархӯрд бо афроди “хурдҳинҷоршикан” дар моҳи Рамазонро аз авлавияти полис дар ин рӯзҳо унвон карда ва гуфтааст, ки “нерӯҳои интизомӣ ҳеҷ гуна ҳурматшиканӣ ва ноҳинҷориро таҳаммул нахоҳад кард”.

XS
SM
MD
LG