Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пасандози аҳолӣ ба 4 миллиард расидааст


Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки пасандозҳои аҳолӣ дар нимаи аввали сол нисбат ба соли гузашта 20 дарсад афзудааст. Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллӣ рӯзи 22-юми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ки пасандозҳои шахсони воқеӣ ба 4 миллиард сомонӣ расидааст. Ширинов афзуд, шаҳрвандон маблағҳои худро бештар дар бонкҳо нигоҳ медоранд, ки теъдоди суратҳисобҳо дар бонкҳо ба 1,8 миллион расида ва онҳо умедворанд, ки шумораи афроди соҳиби ҳисоби бонкӣ дар кишвар то поёни сол аз марзи 2 миллион хоҳад гузашт. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 17 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 115 ташкилоти амонатӣ ва қарзии хурд ва фондҳои қарзӣ фаъолият доранд.

XS
SM
MD
LG