Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобзон, Газманов ва Валерия дар "рӯйхати сиёҳ"-и Латвия


Валерия ва ҳамсараш Иосиф Пригожин
Валерия ва ҳамсараш Иосиф Пригожин

Ҳукумати Латвия исми овозхонҳои маъруфи саҳнаи попи Русия Иосиф Кобзон, Олег Газманов ва Валерияро ба рӯйхати ашхосе ворид кард, ки сафари онҳо ба ин кишварро манъ мекунад.

Вазири умури хориҷаи Латвия Эдгар Ринкевич рӯзи душанбе гуфт, ки ин ходимони фарҳанги Русия барои он вориди "рӯйхати сиёҳ" шуданд, ки “тасарруфи нимҷазираи Қримро аз тарафи Русия шадидан пуштибонӣ мекарданд” ва аз фаъолиятҳои ҳукумати Украина “беэҳтиромона” сӯҳбат мекарданд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 22 июл дар шаҳри Юрмалаи Латвия озмуни байналмилалии мусиқии “Новая Волна” шурӯъ мешавад. Ба иттилои вазорати умури хориҷаи Латвия, агар овозхонҳои зикршуда аллакай дар қаламрави ин кишвар бошанд, аз онҳо дархост мешавад, ки хоки Латвияро тарк кунанд.

Иосиф Кобзон, Олег Газманов ва Валерия дар баробари овозхонӣ, ҳамчунин ходимони ҳукумати Русия дар соҳаи фарҳанг ба шумор рафта, аз мубаллиғони ҳукумати Владимир Путин ба ҳисоб мераванд.

Дар телевизионҳои давлатии Русия дар робита бо тасарруфи Қрим ва ҳам ихтилофҳои миёни Маскаву Киев таблиғоти якҷонибаи шадиде ҷараён дорад. Дар шабу рӯзи тасарруфи Қрим, аз ҷумла, як моҷарои миёни овозхон Валерия ва раққосаи собиқи балет Анастасия Волочкова расонаӣ шуд, ки мавқеи ҳамкоронашро дар иртибот бо Украина ба боди танқид кашида буд. Волочкова, аз ҷумла, Валерия ва дигар ҳамкасбонашро дар Русия барои он муттаҳам кард, ки ҳунару фарҳангро олудаи сиёсат карда, ба оташи ҷанг дар Украина равған мерезанд.

Дар посух ба тасмими ҳукумати Латвия, Иосиф Пригожин, продюсери Валерия гуфт, ки масъулини "Новая Волна" бояд баргузории ин озмуни мусиқиро бойкот кунанд.

XS
SM
MD
LG