Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар фоҷиаи Боинг-777 боз Украинаро айбдор кард


Дар нишасти Шӯрои амнияти СММ, ки қарор аст шоми душанбе, 21 июл, баргузор шавад, тарҳи қатъномаҳои пешниҳодкардаи Австралия ва Русия дар бораи суқути ҳавопаймои Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия дар шарқи Украина баррасӣ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи дипломатҳо, айни ҳол баҳс сари он аст, ки тафтиши фоҷиа бар ӯҳдаи кадом кишвар вогузор шавад.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар як паёми видеоӣ, ки ахиран дар сомонаи расмияш нашр шуд, дар суқути ҳавопаймо мақомоти Украинаро айбдор кард. Ба гуфтаи ӯ, масъулияти ин фоҷиа бар дӯши Киев аст, ки рӯзи 28 июн амалиёти низомӣ дар шарқи Украинаро аз сар гирифт.

Аз ин пеш Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА гуфт, мушаки “замин-ҳаво”-ро, ки ҳавопаймои Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия аз он суқут кардаст, Русия дар ихтиёри ҷудоихоҳон гузоштааст. Ӯ шоми якшанбе дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN, изҳор намуд, ки Амрико дар ин бора маълумоти мӯътамад зери даст дорад. Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, Вошингтон мутмаин аст, нерӯҳои украинӣ дар қаламраве, ки ҳавопаймо сарнагун шуд, таҷҳизоти мушакии “Бук” надоштанд.

Мақомоти кашфи Амрико асл будани навори садоиеро, ки дар он ҷудоихоҳон сарнагунсозии ҳавопайморо эътироф мекунанд, собит карданд. Дар ин бора рӯзи душанбе сафорати ИМА дар Киев хабар дод. Аз ин пеш мутахассисони рус хабар доданд, ки ин навор аз садоҳои гуногуни як рӯз пеш аз фоҷиаи Боинг-777 гирифта ва дасткорӣ шудааст.

Ҳавопаймои Боинг-777, ки дар масири Амстердам-Куала-Лумпур парвоз мекард, рӯзи 17 июл дар ҳарими ҳавоии шарқи Украина суқут кард. Дар ин ҳодиса ҳамаи 298 мусофир ва аъзои экипаж ба ҳалокат расиданд. То имрӯз ҷасади 251 нафари онҳо ошкор карда шудааст.

XS
SM
MD
LG