Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҳаво то 47 дараҷа гарм мешавад


Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон то 47 дараҷа гарм шудани ҳаво дар қаламрави ин кишварро пешгӯӣ мекунад. Маҳмад Сафаров, раиси Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзи душанбе 21 июл, зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муддати ду рӯз, яъне 22 ва 23 июл ҳаво дар водиҳо то 37 ва 42 дараҷа ва дар ҷануби кишвар то 42 - 47 дараҷа гарм мешавад.

Ӯ афзуд, ки гармо дар манотиқи куҳӣ ба об шудани захираи барфу пиряхҳо сабаб мешавад, ки дар натиҷа метавонад мизони оби кулу рудхонаҳо боло равад.

Ҷаноби Сафаров таъкид кард, ки таъсири обшавии захираи барфу пиряхҳо дар рудхонаҳои Вахш, Панҷ, Гунд, Бартанг, Ванҷ, Язғулом, Зарафшон ва ғайра ба мушоҳида мерасад ва аз ин рӯ рӯй додани обхезиву сел дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.

XS
SM
MD
LG