Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳон иддаои пайдо шудани ҷаъбаҳои сиёҳро кардаанд


Александр Бородай
Александр Бородай

Александр Бородай-раҳбари худхондаи минтақаи ҷудоихоҳи шарқи Украина мегӯяд, ки ҷаъбаҳои сиёҳи ҳавопаймои суқуткардаи ширкати Малайзияро пайдо кардаанд ва онҳоро дар ихтиёри Созмони Байналмиллалии Ҳавопаймоии Шаҳрвандӣ мегузоранд.

Александр Бородай, ки худро нахуствазири ҷумҳурии худхондаи мардумии Донетск медонад, 20 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Донетск гуфт, ки ҷудоихоҳон зоҳиран ҷаъбаҳоро пайдо кардаанд ва онҳо ҷаъбаҳои сиёҳи ҳавопаймост. Ба гуфтаи вай ҷудоихоҳон ин ҷаъбаҳои сиёҳро ба Донетск фиристодаанд. Ин шаҳр дар контроли ҷудоихоҳон қарор дорад.

Дар давоми се рӯзи гузашта раҳбарони гуногуни ҷудоихоҳон иддао кардаанд, ки онҳо як ё ду ҷаъбаи сиёҳи ин ҳавопайморо пайдо кардаанд, вале баъдтар ин гуфтаҳои худро рад намудаанд.

XS
SM
MD
LG