Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон интизори ризояти Туркманистон аст


Хайруллоҳ Асозода-вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфтааст, ки қарордод дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон замоне ниҳоӣ хоҳад шуд, ки бо ҷониби Туркманистон дар ин бора тавофуқ ба даст ояд.

Бино ба гуфтаи вазир, музокирот бо Туркманистон моҳи сентябр баъд аз мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар шаҳри Душанбе оғоз хоҳад шуд.

20 марти соли 2013 раисони ҷумҳури ҳар ду кишвар дар Ашқобод дар бораи сохтмони ин роҳи оҳан Ёддошти тафоҳум имзо карда буданд ва сохтмони қисматҳои аввали он моҳи июли соли 2013 оғоз шуда буд.

Бонки Исломии Рушд изҳори омодагӣ кардааст, ки дар сохтмони бахши тоҷикистонии ин роҳ як миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG