Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи абешим фаъолтар мешавад


Аз қаламрави Чин як гурӯҳи 45 нафарӣ бо мошинҳо аз Роҳи бузурги абрешим ба роҳ баромаданд. Дар таркиби ин гурӯҳ донишмандон ва рӯзноманигорони Чин ҳастанд. Ин гурӯҳ мехоҳад дар зарфи 60 рӯз 14 ҳазор километр роҳро паймуда, аз 14 шаҳри Чин ва марзҳои 7 кишвар бигзарад.

Русияву Қазоқистон, Узбакистону Гурҷистон ва Туркияву Юнон аз ҷумлаи н кишварҳо мебошанд. Нуқтаи ниҳоии сафари ин гурӯҳ шаҳри Руми Италия эълон шудааст.

Роҳи бузурги абрешим дар қарни 2-и то милод ба вуҷуд омада буд ва шохаи шимолии он аз Турфан ба Помир ва аз он ҷо ба Фарғона мерафт. Сипас биёбонҳои Қазоқистонро мегузашт.

Шохаи ҷанубии он аз биёбони Такла Макан ба Яркенд ва аз он ба Помиру Бохтар мерасид, ки идомаи он то ба Парифия, Ҳиндустон ва ба Ховари Миёнаву Баҳри Миёназамин мерафт.

Соли ҷорӣ дар иҷлоси 38 ЮНЕСКО дар Доҳа Роҳи бузурги абрешим ба феҳристи мероси ҷаҳонии ин созмон ворид шуд.

XS
SM
MD
LG