Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил доманаи амалиётро васеътар мекунад


Мақомоти беҳдоштӣ мегӯянд, ки дар наздикии маҳале бо номи Шиҷаия дар Борикаи Ғаза дар ҷараёни амалиёти нируҳои Исроил тақрибан 20 фаластинӣ кушта шудаанд. Субҳи 20 июл Исроил эълон кард, ки доманаи амалиёти заминии худро бар Борикаи Ғазза васеътар кардааст ва ба маҳаллоти зери контроли Ҳамос нируҳои иловагӣ фиристодааст, то нақбҳои зерзаминӣ ва рокетҳоеро, ки тундравҳои исломӣ бар зидди Исроил истифода мебаранд, хароб кунанд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки тонкҳои исроилӣ вориди Шиҷаия шудаанд ва ба мавзеъҳои шубҳаовари тундравҳо оташ мекушоянд. Садҳо нафар сокинон аз маҳали зисти худ фирор мекунанд.

Ашраф Қудра-сухангӯи Хадамоти изтирории Фаластин дар маҳал гуфт, ки дар наздикии Шиҷаия ҷасади 20 нафарро пайдо кардаанд. Шоҳидон мегӯянд, ки дар кӯчаҳо ҳанӯз ҷасадҳо хобидаанд ва мошини ёрии таъҷилӣ наметавонад ба баъзе аз маҳалҳо биравад, зеро тирандозӣ шадид аст.

XS
SM
MD
LG