Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқоти қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон роҷеъ ба музокирот


Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Кэтрин Эштон, акс аз бойгонӣ
Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Кэтрин Эштон, акс аз бойгонӣ

Қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон ба тавофуқ расидаанд, ки музокирот роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эронро то 4 моҳи дигар тамдид хоҳанд кард ва Амрико гуфтааст, ки дастрасӣ ба бахше аз 2,8 миллиард доллар маблағҳои Эронро иҷоза медиҳад.

Бояд музокироти ҳастаии Эрон то 20 июл ба поён мерасид. Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ва Муҳаммад Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон дар як изҳороти муштарак баъд аз музокирот дар Вена чунин гуфтанд: “ То ҳол холигоҳҳои ҷиддӣ роҷеъ ба баъзе масъалаҳо боқӣ мондааст ва барои ҳали он вақт ва талошҳои бештаре даркор аст”.

Дар изҳороти ҷудогона Кохи Сафеди Амрико гуфтааст, ки тамдиди музокирот зарур буд, зеро Вашингтон “ба ҷуз аз ҳали ҳамаҷонибаи масъала, ки посухгӯи хостҳои мо бошад, тасмими дигареро қабул надорад”.

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, кишвараш дар ҷавоб ба табдили урани 20 дарсад ғанишудаи Эрон ба сӯхт розӣ аст, ки 2,8 миллиард доллар сармояҳои Эронро аз банд раҳо кунад.

XS
SM
MD
LG