Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиён 270 сарбозу афсарро дар Сурия куштанд


Гурӯҳи нозирони байналмиллалӣ мегӯянд, ки шӯришиёни Давлати исломӣ, ки бо номи Давлати Исломии Ироқ ва Шом шинохта мешаванд, 17 июл ҳангоми ба тасарруфи худ даровардани як чоҳи газ дар Сурия 270 сарбозу афсарро ба қатл расондаанд.

Дафтари Нозирони ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Лондон 19 июл гуфт, аксари ононе, ки дар ин задухурд кушта шудаанд, ба дасти тундравҳои як гурӯҳи Ал Қоида ба ақатл расидаанд.

Манобеи мустақил ин хабарро таъйид накардаанд ва матбуоти давлатии Сурия низ дар ин бора хабаре ба нашр нарасондааст. Дафтари нозирон дар Лондон мегӯяд, аз оғози нооромиҳо дар Сурия аз соли 2011 ба ин сӯ дар ҷангҳо 170 ҳазор нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG