Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ва Дэвид Камерон-нахуствазири Британия имкони таҳримҳои бештарро бар зидди Русия баррасӣ карданд, агар Маскав барои таъмини суботи вазъ дар шарқи Украина даст ба иқдомоти зарурӣ назанад.
Раҳбарони се кишвар дар ҷараёни ин гуфтугӯи телефонӣ хотирнишон сохтанд, ки ҷудоихоҳон ҳамчунон аслиҳа дарёфт мекунанд ва барои ин кор Русия масъул аст. Барак Обама ва Дэвид Камерон зарурати иқдомоти муштаракро дар оянда эътироф карданд, дар сурате ки Русия нисбат ба Украина бархурди худро тағир надиҳад.
16 июл Амрико таҳримҳои худро бар зидди Русия бештар кард. Ба ин таҳримҳо чанд бонки Русия, ширкатҳои энерживу дифоӣ ва ҳамчунин гурӯҳе аз мақомоти Русия ва ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Лаҳанск дохил шуданд.