Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амнияти СММ хостори тафтиши сабабҳои суқути Боинг шуд


Шӯрои амнияти СММ хостори тафтиши пурра, мӯшикофона ва мустақили суқути ҳавопаймои Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия дар шарқи Украина шуд. Дар изҳороте, ки аъзои Шӯрои амнияти СММ рӯзи ҷумъа пазируфтанд, гуфта шудааст, ки тафтиш бояд дар пояи меъёрҳои авиатсияи мулкӣ сурат гирад ва ҳама ҷонибҳои низоъ ба муфаттишон вуруд ба ҷойи ҳодиса ба хотири муайян кардани сабабҳои суқути ҳавопайморо таъмин кунанд.

Аъзои Шӯрои амнияти СММ ба ёди қурбониёни фоҷиа як дақиқа сукут карданд.

Аз ин пеш Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ ҳам хостори тафтиши пурраи байнулмилалии сабабҳои суқути ҳавопаймои Боинг-777-и Малайзия шуд.

Сарони Русия, Олмон, Австралия ва чанд кишвари дигар ҳам гуфтанд, ки ин фоҷиа бояд аз сӯи мутахассисони кишварҳои гуногун тафтиш шавад.

Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия, ки дар масири Амстердам-Куала-Лумпур парвоз мекард, рӯзи панҷшанбе дар ҳарими ҳавоии шарқи Украина суқут кард. Ҳамаи 183 мусофир ва 15 узви экипаж ба ҳалокат расиданд.

Хадамоти амнияти Украина рӯзи ҷумъа, 18 июл, дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи банди “амали террористӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Мақомоти Украина мегӯянд, ки ҳавопаймо аз мушаки таҷҳизоти “Бук”-и ҷудоихоҳон сарнагун шудааст. Ҷудоихоҳон, дар навбати худ, дар фоҷиа Киевро айбдор мехонанд. Антон Герашенко, мушовири вазири умури хориҷии Украина, дар Фейсбук навишт, ки шабона ҷудоихоҳон таҷҳизоти “Бук”-ро ба қаламрави Русия интиқол доданд. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки ҷудоихоҳон “қуттиҳои сиёҳ”-и ҳавопаймои суқуткардаро пайдо карда онҳоро дар яке аз гузаргоҳҳои марзии вилояти Луҳанск дар ихтиёри намояндагони Хадамоти федеролии амнияти Русия мегузоранд. Аз ин пеш додситони Украина Виталий Ярема изҳор карда буд, ки ҷудоихоҳон ягон таҷҳизоти “Бук”-и низомиёни украиниро мусодира накардаанд.

XS
SM
MD
LG