Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Косибони тоҷику қирғиз дар Бишкек ҷамъ меоянд


Косибони тоҷик дар доираи тарҳи Иттиҳодияи Аврупо ба Қирғизистон сафар мекунанд. Ҳашт ҳунарманди тоҷик барои ширкат дар барномаи тарҳи Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони "Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат", ки аз 21 то 27 июл идома хоҳад кард, ба Бишкек хоҳанд рафт. Дафтари матбуоти намояндагии ИА имрӯз бо пахши ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳунармандони тоҷик аз ҷумлаи косибону кулолгарон ва чӯбтарошон, намадсозоҳо ва заргарон аз Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Истаравшан ва Хоруғ дар Бишкек бо ҳунармандони қирғиз вохӯриҳо намуда мубодилаи таҷруба хоҳанд кард. Ҳунармандони тоҷик ҳамроҳи ҳамкасбони қирғизи худ дар устохонаҳои онҳо вохӯрда, таҳти назорати мутахассиси аврупоӣ якҷоя маҳсулоти наверо истеҳсол менамоянд, ки беҳтарин тарзу усули косибии миллии тоҷику қирғизро инъикос намуда ва аз нигоҳи дизайни муосири аврупоӣ коркард шудааст. Ба дунболи ин, ҳунармандони тоҷик ҳамроҳи ҳамкасбони қирғизи худ рӯзи 24 июл дар конфронси байналхалқии "Ҳамкории минтақавӣ ҳамчун рукни асосии рушди ҳунармандии Осиёи Марказӣ дар бозорҳои фурӯшии байналхалқӣ" ширкат хоҳанд кард. Дафтари матбуоти намояндагии ИА мегӯяд, ки конфронси мазкур шароитро барои ҳунармандони тоҷику қирғиз ҷиҳати ба бозори кишварҳои хориҷӣ роҳ ёфтани маҳсули дасти онҳо фароҳам меорад.

XS
SM
MD
LG