Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду қурбонии ҳодисаи метрои Маскавро дар ноҳияи Ҷомӣ ба хок супурданд


Ду нафар аз қурбониёни садамаи метрои Маскав дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон ба хок супурда шуданд.

Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Ҷомӣ рӯзи 18 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маросими ба хоксупоририи бародарзодаҳо Бӯрибой Ҳайитов ва Бахтиёр Мавлонов имрӯз ҳудуди байни соатҳои 10-11 дар деҳаи Лоҳутии ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сурат гирифтааст. Ба гуфтаи манбаъ, дар маросими хоксупории Бахтиёри ва Бӯрибой, мақомоти маҳаллии ноҳия низ ширкат доштаанд.

Дар ҳамин ҳол сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ҷасадҳои ин ду тан аз қурбониёни садами метрои Маскав бо хоҳиши наздикони онҳо шаби гузашта тариқи хатсайри Маскав-Қӯрғонтеппа ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир сафорат талош дорад, ки ҷубронпулии ихтисосдодаи ҳукумати Русия ба ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро дарёфт намуда ва онро ба пайвандонашон расонад. Ҳукумати Русия ба хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодиса як миллион рубли русӣ ҷудо намудааст.

Дар садамаи рӯзи 15 июл дар метрои Маскав дастикам 23 нафар, бо шумули 2 шаҳрванди Тоҷикистон -- Бӯрибой Ҳайитов ва Бахтиёр Мавлонов ҳалок шуда, беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар байни захмиҳо низ 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаст. Аз миёни онҳо вазъи Мӯъминшо Муносибатшоев вазнин гуфта мешавад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 17 июл хабар дод, ки ӯро имрӯз аз бемористони рақами 64 ба бемористони рақами 67 гузарондаанд, чунки он шӯъбаи нейрохирургия ҳам дорад. Муносибатшоев аз ноҳияи сар ва камараш ҷароҳат бардоштааст.

Танҳо дар соли гузашта ширкати ҳавоии «Тоҷик Эйр» ҷасади 622 муҳоҷирро аз Русия ба Тоҷикистон овард, ки бо сабабҳои мухталиф дар ғурбат ҷон додаанд. Ҷамъи шаҳрвандони тоҷике, ки дар Русия ҷон медиҳанд, солона аз 1000 нафар мегузарад.

XS
SM
MD
LG