Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатлон. Барканории 46 мансабдор дар 6 моҳ барои изофанависӣ


Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Хатлон 46 мансабдорро ба хотири изофанависӣ аз вазифа барканор кардаанд. Аз дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар ин вилоят 46 мансабдорро ба хотири изофанависӣ аз симатҳояшон барканор кардаанд. Мансабдороне, ки аз симаташон ба хотири изофанависӣ барканор шудаанд, муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, кормандони кумитаҳои заминсозӣ ва раисони ҷамоатҳо будаанд, ки дар нақшаи корӣ изофанависӣ мекардаанд. Манбаъ мегӯяд, ки аз рӯзи аввале, ки Давлатшо Гулаҳмадов ба раиси вилоят таъйин шудааст, бар зидди изофанависӣ муборизаро тақвият бахшидааст. Гуфта мешавад, ки баъди анҷом додани санҷишҳо маълум шудааст, ки бештари изофанависиҳо дар арсаи кишоварзӣ, бахусус кишти пахта дида мешудааст. Инчунин гуфта мешавад, ки баъзе аз мансабдорон дар ин вилоят барои изофанависӣ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулаҳмадов муҷозот шудаанд.

XS
SM
MD
LG