Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари боздошти 7 террорист дар Тоҷикистон тасдиқ шуд


Мақомоти Тоҷикистон боздошти 7 нафарро,ки ҳадаф доштанд Корхонаи алюминийро битарконанд, тасдиқ карданд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Ҳамро рӯзи 18-уми июл дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, аз панҷ амали террористӣ дар кишвар ҷилавгирӣ шудааст, ки яке ҳам боздошти 7 нафар бо қисди мунфаҷир кардани ширкати "Талко" буд. Раҳимзода гуфт, 7 нафаре, ки бо иттиҳоми терроризм боздошт шудаанд, ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Вазир афзуд, агарчӣ ин 7 нафар шаҳрванди Тоҷикистонанд, вале дар хориҷи кишвар омӯзиш дидаанд. Моҳи апрели соли равон мақомоти корҳои дохила дар шаҳри Турсунзода як гурӯҳеро боздошт кардаанд, ки эҳтимолан барномаи мунфаҷир сохтани корхонаи "Талк"-ро пайгирӣ мекард.

Як манбаи муътамади наздик ба гурӯҳи тафтишотӣ, он замон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки афроди боздоштшуда қасд доштанд корхонаи истеҳсоли газ аз ангиштро, ки «Талко» ду сол қабл ба кор дароварда буд, мунфаҷир кунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, се корманди худи «Талко» низ ба ин гурӯҳ ҳамдастӣ кардаанд. Ин боздошт аз сӯи кормандони бахши зудамали вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода, 60-километрии ғарби пойтахти кишвар ҳанӯз рӯзи 28-уми март сурат гирифтааст.

ТАЛКО бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон буда, феълан солона беш аз 300 000 тонна алюминийи аввалия тавлид мекунад. Аммо дар ду соли охир ин корхона ба мушкилоти молӣ гирифтор шуда, дар поёни соли 2013 раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ба ҳукуматаш амр дод, то масъалаи ироаи кумаки молӣ ба ин корхонаро баррасӣ кунад.

Ин дар ҳолест ки мунтақидон мегӯянд, фоидаҳои тиҷорати алюминий дар дасти ҳалқаҳои наздик ба раҳбарони аввали Тоҷикистон мунсаҷим шудааст ва бо онки ин корхона нирӯи барқро бидуни мамониат ва бо нархи ба маротиб аз дигар корхонаҳо арзонтар дарёфт мекунад, саҳмаш дар пур кардани буҷа дигар ҳатто ба масобаи як ширкати телефонҳои мобил нест.

XS
SM
MD
LG