Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи хабарнигорон ба толорҳои додгоҳӣ "ҳамвор" шуд


Додгоҳи олии Тоҷикистон.
Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Конфронси додрасҳои Тоҷикистон Кодекси нави одоби додрасҳоро қабул кард, ки бар пояи он додрасҳо муваззафанд, ки хабарнигоронро ба толори мурофиаи додгоҳӣ роҳ диҳанд.

Дар матни нави кодекси додрасҳо, ки дар торнамои расмии Шӯрои адлия ба нашр расидааст, моддаи 13-ро таҳти унвони “Ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма” илова шудааст, ки дар он тарзи муносибати додрас бо Васоити ахбори омма муқаррар карда шудааст.

Абдураҳмон Ватанов, додраси собиқадор дар сӯҳбат ба радиои “Озодӣ” рӯзи 17 уми июл гуфт, Кодекси мазкур аз сӯи иттиҳодияи ҷамъиятии додрасҳои Тоҷикистон “Конфронси судяҳои Тоҷикистон” қабул шудааст.

Вай гуфт: “ҳамин гуна кодекс аввалин маротиба аз сӯи ин созмон соли 1997 қабул карда шуда буд. Ин дафъа кодекс дар таҳрири нав қабул карда шудааст ва дар он моддаи нав “Ҳамкорӣ бо воситаи ахбори омма” илова карда шудааст”.

Дар банди яки ин моддаи Кодекс ба додрасҳо дастур дода мешавад, ки додрас бояд иштироки намояндагони васоити ахбори оммаро дар толори мурофеаи додгоҳӣ таъмин кунад.

Дар он аз ҷумла омадааст: “Бо дарназардошти он ки, принсипи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ба баррасии боадолатонаи парвандаҳои судӣ равона карда шудааст, мувофиқи мақсад аст, ки судяҳо принсипи мазкурро дар мавридҳои пешбининамудаи қонун васеъ истифода намуда, имконияти озодона ба толори маҷлиси судӣ даромадани ҳамаи шахсон, аз он ҷумла намояндагони воситаҳои ахбори оммаро таъмин намоянд.”

Аммо дар банди дуюми ин моддаи кодекси мазкур омадааст, додрас ҳангоми инъикоси фаъолияти додгоҳ бояд “мустақилият ва беғаразии” худро нигоҳ дошта аз пахши “изҳороти беасос нисбат ба парвандаҳои мавриди баррасӣ қарордошта худдорӣ намояд”.

Ин модда ҳамчунин додрасҳоро аз додани ҳамагуна изҳороти оммавӣ дар мавриди парвандаҳои дар баррасӣ қарордошта ва зери шубҳа қарор додани ҳалномаҳои содиркардаи дидар додрас манъ кардааст.

Абдураҳмон Ватанов мегӯяд, ин муқаррарот ба хотири он қабул карда шудааст, ки изҳори назар кардани додрас ҳангоми баррасии парванда дар ВАО беғараз ва мустақил будани вайро зери шубҳа мегузорад. Аммо ба таъкиди вай, баъд аз ҳукми қонунӣ гирифтани ҳалномаи додгоҳ додрас ҳақ дорад назари инфиродии худро дар мавриди он ба ВАО иброз намояд.

То ҳол аксарияти мурофеаҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон бидуни ҳузуруи хабарнигорон сурат мегиранд. Чунки додрасҳо аз воруди хабарнигорон ба толори додгоҳӣ дар бисёре аз мавридҳо бидуни кадом далел монеъ мешуданд.

Кодекси одоби додрасҳои Тоҷикистон бори аввал соли 1997 қабул шуда, бори дуввум соли 2004 дар таҳрири нав қабул карда шудааст. Конфронси додрасҳои Тоҷикистон аз соли 1992 таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG