Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев Русияро дар нобудсозии ҳавопаймо айбдор мекунад


Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина изҳор намуд, ки ҳавопаймои ҷангии Русия сӯи як ҳавопаймои украинӣ дар ҳарими ҳавоии вилояти Донетск мушак андохт. Андрей Лисенко, намояндаи ин Шӯро, рӯзи панҷшанбе, 17 июл,дар нишасти хабарӣ дар Киев гуфт, бар асари ин ҳамла, ки рӯзи чоршанбе сурат гирифт, ҳавопаймои Су-25 суқут кард, халабон тавассути катапулта аз ҳавопаймо берун шуд ва ба ҷойи амн интиқол ёфт.

Аз ин пеш, ба иттилои Интерфакс, ҷудоихоҳон аз Донбасс изҳор намуданд, ки бар асари зарбаҳои онҳо ду ҳавопаймоии ҷангии Су-25-и нерӯҳои ҳавоии Украина суқут кард. Яке аз ин ҳавопаймоҳо дар наздикиҳои Горловка бар асари зарба аз ПЗРК – таҷҳизоти сайёри мушакӣ оташ гирифт ва тарафи фурудгоҳи шаҳри Миргород парвоз кард.

Рӯзи 14 июл дар вилояти Луҳанск як ҳавопаймои низомии боркаши украинии Ан-26 суқут намуд. Чаҳор тан аз халабонҳо наҷот ёфтанд, ду нафар ба асорати ҷудоихоҳон афтоданд, сарнавишти ду нафари дигарашон то ҳол маълум нест. Хадамоти амнияти Украина изҳор намуд, ки онҳо далелҳои мӯътамади аз сӯи нерӯҳои Русия нобуд сохтани ин ҳавопайморо зери даст доранд.

XS
SM
MD
LG