Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи толибон ба фурудгоҳи Кобул ноком шуд


Вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи панҷшанбе, 17 июл, хабар дод, ки дар задухӯрд бо нерӯҳои амниятӣ ҳамаи чаҳор нафари ба фурудгоҳи байнулмилалии Кобул ҳамла карда кушта шуданд. Шоҳидон гуфтанд, ки аз фурудгоҳ садои тирандозӣ ва таркиш ба гӯш мерасад ва аз он ҷо дуди ғафси сиёҳ ба фазо мепечад.

Муҳаммад Айюб Солангӣ, муовини вазири умури дохилии Афғонистон, ба хабарнигорон гуфт, ки ҳамла ба фурудгоҳ, ки ба ҳавопаймоҳои ҳам мулкӣ ва ҳам низомӣ хизмат мерасонад, субҳи рӯзи панҷшанбе сурат гирифт. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни задухӯрд ба полису сарбозони ҳукуматӣ осебе нарасидааст. Ҳамаи чаҳор нафар муҳоҷимон кушта шуданд ва аз онҳо силоҳу лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд.

Масъулияти ҳамла ба фурудгоҳро, ки дар наздикиҳояш пойгоҳи низомии НАТО ҷойгир шудааст, толибон бар дӯш гирифтанд.

XS
SM
MD
LG