Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари А. Содиқов: Писари ман рабте ба сиёсат надошт


Александр Содиқов
Александр Содиқов

Cомонаи eurasianet.com ҷузъиётеро аз баҳси масъалаи боздошти Александр Содиқов зимни сафари ахири вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Бритониё нашр кардааст.

Модари Александр Содиқов, ки ахиран дар боздоштгоҳ бо фарзандаш мулоқот кард, мегӯяд, ба росткорию ростқавлии писараш заррае шубҳа надорад ва набояд кори илмии ӯ олудаи сиёсат гардад.

Ҳарчанд модари Содиқов аз шароити нигаҳдории писарашро дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қаноматманд аст, худи ин боздоштро «як фоҷиа ва тасодуф» меномад.

Дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ вай гуфт, пас аз ин дидор бовари ӯ ба бегуноҳии писараш даҳчанд қавитар шуд: "Худоро шукр, ӯ ҳеҷ шикояте надорад. Александр зоҳиран ором ба назар мерасид ва худашро хеле хуб ба даст гирифтааст, зеро ӯ ба бегуноҳии худ бовар дорад. Ман ҳам кӯшиш кардам, эҳсоси худамро нишон надиҳам. Муддати як соате, ки бо ҳам сӯҳбат доштем, ӯ бештар дар мавриди аҳли хонавода бахусус духтарчаи хурсолаш пурсон мешуд, ман бошам аз шароити ӯву хӯрду хӯрокаш суол кардам. »

Модари Александр изҳори умедворӣ кард, ки мақомоти кишвар ба бегуноҳии писараш итминон хоҳанд ёфт. Вай мегӯяд, ҳамаи аҳли оила то ин дам дар чаҳорчуби қонун зиндагӣ кардаанд ва Содиқов низ дар ҳамин рӯҳия ба воя расидааст. Аммо ба гуфтаи модари Александр, дар пайи боздошти писараш манзилаш ду маротиба аз сӯи кормандони пулис кофтукоб шудааст ва компютеру флеш-картаҳои фарзандаш мусодира гардидааст. Ва худи ӯро низ мақомоти тафтишотӣ дар бораи шахсияти Александр мавриди пурсиш қарор додаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон Александр Содиқовро ба ҷосусӣ ва хиёнат ба Ватан айбдор кардаанд. Модари Александр афзуд, "аз онки аз тамоми гӯшаву канори дунё ба ҳимояти писари ман садо баланд мекунанд, ман хеле миннатдорам. Бо дидани ин мавҷи дастгириҳо дарк кардам, ки натанҳо ман ба росткориву ростқавлии писарам бовар дораму бо ӯ мефахрам, балки ҳазорҳо нафари дигар низ бо ман ҳамақидаанд.Танҳо чизе, ки ман мехоҳам,ин аст, ки фаъолияти ӯро бо сиёсат олуда накунанд. Зеро вай рисолаи илмӣ менавишт ва барояш ҳамин муҳим буд.Танҳо ҳаминро метавонам бигӯям ки ӯ дар вақти номуносиб ва дар ҷойи номуносиб қарор дошт. Ман ба гунаи дигар боздошти ӯро шарҳ дода наметавонам."

Модари Александр Содиқов гуфт, ки вай ва ҳам фарзандаш ба таҳқиқи мунсифонаи ин қазия ва қонунмандиву адолати додгоҳӣ дар кишвар бовар доранд.

Дар ҳамин ҳол, вакилони мудофеи Александр Содиқов мегӯянд, онҳо мунтазири натиҷаи тафтишоти пешакии думоҳаи зерҳимояаашон мебошанд, ки то 19 августи соли равон идома мекунад. Ва танҳо пас аз ин вакилон ҳақ пайдо мекунанд, ки бо парвандаи Содиқов шинос шаванд. Парвандаи Содиқов аз тарафи мақомоти тафтишотӣ махфӣ эълон шудааст.

Муносибати мақомот ба ин парванда дар баҳси намояндагони порлумони Бритониё ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯшантар шудааст. Онро сомонаи eurasianet.com хулоса кардааст. Дар посух ба пурсиши вакили порлумони Бритониё аз ҳавзаи Эксетер Бен Бредшоу, Аслов “бо нороҳатӣ” гуфтааст, Содиқов шаҳрванди Тоҷикистон аст ва аз рӯи қонунҳои ҳамин кишвар бояд ҷавобгӯ бошад.

Вазири тоҷик афзудааст, Содиқов бояд барои анҷоми ин таҳқиқот аз мақомот иҷозат мепурсид, “аммо ӯ бидуни иҷозати ин оҷонсиҳо рафт ва бо ҳамин сабаб ҳам боздошт шуд.” Ба навиштаи eurasianet.com, дар ниҳоят Аслов изҳори умедворӣ кардааст, ки таҳқиқот базудӣ анҷом ва ба як натиҷаи мусбат даст меёбад.

Александр Содиқов, 16-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт гардида, мақомот ӯро тибқи банди 305 Кодекси ҷиноӣ барои "хиёнат бар зарари давлат", яъне "ҷосусӣ ва фош намудани сирри давлатӣ" айбдор месозад. Дар сурати собит шудани ин айбнома ба Содиқов аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

"Содиқов бо баъзе одамҳои бад мулоқот кардааст"

Дар ҳоле ки бино ба махфӣ будани қазияи Содиқов, мақомоти тафтишотӣ, хешовандон ва ҳам вакилони дифои муҳаққиқи боздоштшуда аз пахши ҷузъиёти ин қазия худдорӣ мекунанд, сомонаи eurasianet.com рӯзи 14 июл ҷузъиётеро дар бораи матраҳ шудани масъалаи боздошти Александр Содиқов дар ҷараёни сафари ахиир вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Бритониё нашр кардааст. Ин сафар рӯзҳои 3-4 июл доир шуда буд ва ба навиштаи eurasianet, масъалаи Содиқов дар ҷараёни мулоқоти Аслов бо вакилони порлумони Бритониё матраҳ кардааст.

С. Аслов дар Бритониё
С. Аслов дар Бритониё

Дар ин мулоқот вакили парлумони Бритониё аз ҳавзаи Эксетер Бен Бредшоу ин мавзӯъро дар мулоқот бо Аслов ба чолиш кашонда аз ӯ хостааст, ки ба ҳамсар ва вакилони дифоъ иҷозати мулоқот бо Содиқов дода шавад. “Аслов аз ин изҳорот нороҳат шуд ва ба забони англисӣ посух дод”, менависад ин сомона.

Посухи Аслов чунин будааст: “Пеш аз ҳама ман бояд гӯям, ки ҷаноби Содиқов шаҳрванди Тоҷикистон аст ва аз рӯи қонунҳои ҳамин кишвар бояд ҷавобгӯ бошад. Ҳоло гуфтан мумкин нест, ки ӯ ҳукм мегирад ва ё озод мешавад. Таҳқиқот идома дорад. Ҷаноби Содиқов дар Тоҷикистон бо баъзе одамҳои бад мулоқот кардааст. Хадамоти амниятӣ маълумотеро ба даст овард, ки ӯ бо чунин ашхос мулоқот мекунад ва вайро боздошт кард. Ин як минтақаи ноором аст. Аз як сӯ, ҳамсояи Афғонистони номӯътадил аст, сарҳад дар фосилаи 500 метр ҷойгир аст. Махфӣ нест, ки он ҷо масъалаи қочоқи маводи мухаддир ва инсон ҷой дорад. Аз ҳамин хотир ин минтақа таҳти назорати шадиди баъзе оҷонсиҳо қарор дорад. Бо ҳамин сабаб хадамоти амниятӣ фаъолияти шахсиятҳои оппозитсиюнро дар ин минтақа назорат мекунанд. Ин одамон ба ҳодисаҳои ахир иртибот доранд. Пеш аз мулоқот бо ин шахсиятҳо, ҷаноби Содиқов бояд аз мақомот иҷозат мепурсид ва мо ба ӯ дар анҷоми таҳқиқоташ кӯмак мекардем. Аммо мутаассифона ӯ бидуни иҷозати ин оҷонсиҳо рафт ва бо ҳамин сабаб ҳам боздошт шуд”.

Ба навиштаи eurasianet.com, дар ниҳоят Аслов изҳори умедворӣ кардааст, ки таҳқиқот ба зудӣ анҷом шуда ва ба як натиҷаи мусбат даст меёбад.

XS
SM
MD
LG