Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аслов ба Бишкек рафт


Аслов(аз чап) ва Абдилдаев. Акс аз бойгонӣ
Аслов(аз чап) ва Абдилдаев. Акс аз бойгонӣ

Сироҷиддин Аслов-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон барои ширкат дар панҷумин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» ба Бишкек-пойтахти Қирғизистон рафт. Дар ин бора торнамои расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.

Баъд аз тирандозии 10 июл дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар ноҳияҳои Исфара ва Бодканд вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон нахустин мақоми расмии баландпояи Тоҷикистон аст, ки аз Қирғизистон боздид мекунад.

Бо назардошти рӯйдодҳои ахири марзӣ имкон дорад Сироҷиддин Аслов бо Эрлан Абдилдаев-ҳамтои қирғизи худ мушкилоти мавҷуда дар равобити Душанбеву Бишкек, аз ҷумла тирандозии 10 июл дар марзи ду кишварро баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG