Тибқи иттилои масъулони раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, ахиран панҷ мард дар ин минтақа ба гумони дузанагӣ боздошт шудаанд. Юсуф Обидов, як масъули раёсати корҳои доихлии вилояти Хатлон рӯзи сешанбеи 15 июл дар сӯҳбат ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ки ин мардҳои миёнсоле ҳастанд, ки аз ҳамсарони аввали худ, ки ҳоло бо онҳо зиндагӣ мекардаанд фарзанд доштаанд ва болои ин боз занҳои дигар низ гирифтанд. Ҳарчанд ҷаноби Обидов аз зикри ном ва маҳалли дақиқи зисти ин афроди дузана худдорӣ кард, вале гуфт, ки маводҳои лозимӣ аз сӯи маъмурони интизомӣ нисбати онҳо таҳия шуда ва ба додситонӣ фиристода шудааст. Бар пояи моддаи 170 -и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои дузанагӣ ва ё серзанагӣ ҷарима ба маблағи аз 1 000 то 2000 маоши ҳадди ақал ё то 2 сол корҳои ислоҳӣ ваё то аз 6 моҳ то 5 соли зиндон ҳамчун муҷозот пешбинӣ шудааст. Пажӯҳиши созмони ҷамъиятии «Рушд» дар мавриди «Занони дуввум», ки дар панҷ минтақаи Тоҷикистон анҷом шуда буд, қаблан нишон дода буд, ки 20 дарсади мансабдорони давлатӣ дузана будаанд.