Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни садамаи метрои Маскав ба 16 нафар расид


Пётр Бирюков, муовини шаҳрдори Маскав, хабар дод, ки бар асари аз релсҳо берун шудани се қатор дар метрои Маскав 16 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 140 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. 106 нафар, ба гуфтаи ӯ, бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. 8 тан аз мусофирон дар бемористони ба номи Склифосовский таҳти назорати табибон қарор доранд.

Қаторҳо рӯзи сешанбе,15 июл 200 метр то истгоҳи “Славянский бульвар” дар хатти Арбату Покров аз релсҳо берун шуданд. Ба иттилои расмӣ, наҷотбахшон ва сӯхторнишонҳо интиқоли мусофирон аз туннели байни истгоҳҳои “Парк Победы” ва “Славянский бульвар”-ро анҷом доданд. Вазири ҳолатҳои изтирории Русия Владимир Пучков дар ҷойи ҳодиса ба амалиёти наҷотбахшӣ раҳбарӣ мекард. Барои корҳои наҷотбахшӣ 8 чархболи вазорат сафарбар шуда буд.

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд ва хабар дод, ки ба хонаводаҳои қурбониёни ҳодиса ба маблағи 1 миллион рублӣ ҷубронпулӣ пардохта хоҳад шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки дар ҳамин хатти метро ҳаракати қаторҳо бар асари пайдо шудани дуд мутаваққиф шудааст. Раёсати ҳолатҳои изтирории Маскав баъд аз тафтиши роҳи миёни истгоҳҳои "Парк Победы" ва "Славянский булвар" аз сӯи оташнишонҳо ин хабарро рад кард.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, хабар дод, ки сафир Имомуддин Сатторов аз кормандони сафорат тақозо кардааст то вазъро таҳти назорат қарор дошта бошанд ва ба ӯ иттилоъ диҳанд. Масъулини консулгарии Тоҷикистон фавран ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Дар мавриди бар асари ин ҳодиса осеб дидан ё надидани шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳол иттилое зери даст нест.

XS
SM
MD
LG