Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Pediatrics: никели IPad боиси хориш дар пӯсти инсон мешавад


Никеле, ки дар компютеру планшет ва ноутбуку телефонҳои ҳамроҳ боиси пайдо шудани хориш ва доғҳо дар пӯсти инсон мешавад. Дар ин бора маҷаллаи тиббии амрикоии Pediatrics бар пояи пажуҳишҳои табибон хабар додааст.

Дар ин матлаб, аз ҷумла, намунаи як бемори 11-солаи бемористони шаҳри Сан-Диего оварда шудааст, ки дар пӯсташ хориш ва доғҳо пайдо шудаанд. Яке аз муаллифони гузориш духтури бемориҳои пӯст Шэрон Ҷейкоб навиштааст, табибон муқарар кардаанд, ки доғҳо дар бадани кӯдак аз никели планшети IPad пайдо шудааст. Ин кӯдак ҳамарӯза аз Ipad истифода мебурд. Ба гуфтаи Ҷейкоб, никел дар компютеру планшет ва телефонҳои ҳамроҳ ба ҳаёти инсон таҳдид намекунад ва аммо боиси хоришу доғҳо мешавад ва табобаташ истифодаи дорӯҳои сахттаъсирро тақозо дорад.

Ба навиштаи хабаргузории Associated Press, тавлидкунандаи планшетҳои Ipad ширкати Apple ва дигар ширкати бузурги тавлидкунандаи компютерҳо Microsoft аз ташреҳ дар мавриди истифода кардан ё накардани никел дар маҳсулоташон худдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG