Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши пурқурбонӣ дар Пактикои Афғонистон


Бар асари таркиш дар як мошин дар вилояти Пактико, воқеъ дар шарқи Афғонистон, дасти кам 25 нафар ба ҳалокат расиданд. Нисор Аҳмад Абдулраҳимзай, муовини раиси полиси вилоят гуфт, дар ин ҳодиса, ки рӯзи 15 июл рӯй дод, беш аз 30 нафари дигар маҷрӯҳ шуда ба бемористон интиқол ёфтанд. Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Сабабҳои рӯй додани таркиш тафтиш мешаванд.

Аз ин пеш хабар расид, ки таркиши минаи сарироҳӣ дар шарқи Кобул мунҷар ба ҳалокати ду корманди Кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон шудааст. Таркиш рӯзи сешанбе дар ҳоле рӯй дод, ки ҳафт корманди дафтари матбуоти кохи раёсатҷумҳурӣ дар як микроавтобус ба кор мерафтанд. Ба иттилои полиси шаҳри Кобул, панҷ нафари дигар, аз ҷумла, ронанда, ҷароҳат бардоштанд.

Сухангӯи ҷунбиши “Толибон” Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки таркиши микроавтобус – кори дасти мусаллаҳони онҳост.

Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, дар ҳоле, ки нерӯҳои байнулмилалӣ барои тарки кишвар дар поёни осли равон омодагӣ мегиранд, ҷунбиши “Толибон” ҳамлаҳояшро густариш додааст.

XS
SM
MD
LG