Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Сироҷиддин Аслов ба Қирғизистон


Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо сафари корӣ ба Қирғизистон рафтааст. Тибқи иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, оқои Аслов рӯзи 15 июл барои ширкат дар панҷумин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» озими Қирғизистон шуд. Муколамаи "Осиёи Марказӣ+Ҷопон" фардо, 16 июл дар шаҳри Бишкек доир мешавад ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон баррасӣ хоҳад намуд. Интизор меравад, ки дар ин нишаст раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ширкат ва суханронӣ намояд.

XS
SM
MD
LG